ИМА дар соҳаи зеҳни сунъӣ пешсафиро аз даст надод, Чин дар ҷойи дуюм ва Британияи Кабир дар ҷойи сеюм қарор дорад. Ин натиҷа дар ҳисоботи Индекси ҷаҳонии инноватсияҳои зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби Институти иттилооти илмӣ ва технологии Чин ва Донишгоҳи Пекин таҳия шудааст, оварда шудааст.
Гузориш дар Конфронси ҷаҳонии зеҳни сунъӣ, ки дар Шанхай баргузор гардид, тақдим карда шуд. Муаллифони гузориш 46 кишварро тибқи панҷ меъёр омӯхтаанд: дастгирии асосӣ, захираҳо ва муҳити рушд, тадқиқот ва коркардҳои илмӣ ва технологӣ, истифодаи саноат ва инноватсияҳо, ҳамкорӣ ва мубодилаи байналмилалӣ. Мамлакатҳо аз рӯйи 39 нишондиҳанда таҳлил ва дар асоси низоми сезинагӣ арзёбӣ гардиданд.
Тибқи ҳисобот ИМА ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо фарқи калон пешсафанд. Тадқиқотчиён таъкид мекунанд, ки ин ду кишвар қисми зиёди истеҳсолкунандагони чипҳои зеҳни сунъӣ, мутахассисони баландихтисос, мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии бонуфуз ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи моделҳои бузурги зеҳни сунъиро дар бар мегиранд.
ИМА аз 100 хол 77.97 хол, Чин 58.01 ва Британияи Кабир 36.60 ҷамъ оварданд. Инчунин, ба даҳгонаи беҳтарин Ҷопон (33.77), Кореяи Ҷанубӣ (33.48), Олмон (32.22), Сингапур (31.57), Фаронса (30.98), Канада (29.79) ва Ҳиндустон (29.41) дохил шудаанд. Русия бо 17.49 хол ҷойи 30-юмро ишғол кардааст.
Имсол 26-28 июл дар Шанхай Конфронси ҷаҳонии зеҳни сунъӣ идома ёфт. Ин чорабинӣ аз соли 2018 ин ҷониб ҳар сол доир мегардад. Ин платформа роҳбарони саноати бузурги соҳаи зеҳни сунъиро дар Шанхай ба ҳам меорад. Дар он роҳбарони ширкатҳои бузург, намояндагони ҳукумат, олимон ва коршиносон ширкат мекунанд. Онҳо робитаҳоро устувор ва рушду истифодаи технологияҳои зеҳни сунъиро баррасӣ менамоянд, хабар медиҳад tass.ru.