- Даромад аз ба донишҷӯён иҷора додани амвол мувофиқи банди 3 моддаи 375-и Кодекси андоз даромади амволи шахси воқеие ҳисобида мешавад, ки амволро ба иҷора медиҳад.
- Дар асоси моддаи 85-и Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохти саривақтии андозҳо ӯҳдадории андозии шахси воқеии иҷорадеҳ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки иҷорагирони донишҷӯ дар ин ҳолат ӯҳдадориҳои андоз надоранд.
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаи 378-уми Кодекси андоз, маҳз аз пардохти андоз озод кардани даромади шахсони ҷисмониро, ки аз ба донишҷӯён ба иҷора додани амвол ба даст овардаанд, пешбинӣ менамояд, ки дар қироати аввал аз ҷониби Олий Маҷлис қабул шудааст ва аз 1 январи соли 2022 эътибор пайдо мекунад.
- Кумитаи давлатии андоз бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки манзилро ба иҷора медиҳанд, мувофиқи муқаррароти ҚДВ аз 22 сентябри соли 2021 № 595 хидмати бақайдгирии шартномаҳои иҷораи амволи ғайриманқул «Ijara.soliq. uz»-ро ба таври фосилавӣ дар шакли электронӣ таҳия кардааст.
Ҳамгароии низоми электронӣ бо пойгоҳи маълумотҳои Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус имкони ба таври автоматӣ ташаккул додани маълумоти пурраро дар бораи донишҷӯ фароҳам меорад. Инчунин, дар тартиби автоматӣ дар барнома аз андозбандӣ озод кардани даромади шахсони воқеие, ки аз иҷораи амвол гирифтаанд, пешбинӣ мешавад.
Сервис аз озмоишҳои тестӣ бомуваффақият гузашт ва аз 1 январи соли 2022 пурра ба кор дароварда мешавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти КДА Ҷумҳурии Ӯзбекистон.