Агар низом видеоҳои ба ин монандро дарёбад, он фавран нест карда мешавад ва ба офарандаи мундариҷа имконият дода мешавад, ки агар ба ҳазфи хато боварӣ дошта бошад, бо модератор-инсон муроҷиат намояд.
То ҳол ҳамаи роликҳои баҳсталаб дар TikTok пеш аз нест кардан аз ҷониби модераторҳои зинда такмил дода мешуданд. Ин навоварӣ барои коҳиш додани миқдори видеоҳои номуносиб пешбинӣ шудааст, ки ба онҳо лозим меояд видеороликҳоро аз назар гузаронанд, инчунин барои кор кардан бо ҳолатҳои мураккаб, масалан, мундариҷаи бардурӯғдошта вақти бештар дода шавад. Интизор меравад, ки навоварӣ ба ҳолати рӯҳии модераторҳо таъсири мусбат мерасонад, менависад "3Dnews.ru".
Қаблан маълум шуд, ки кормандони Facebook, ки зуд-зуд видеоҳои номуносибро тамошо мекунанд, нишонаҳои иллати стресси пас аз осебӣ зоҳир менамоянд.
Мушкиле, ки TikTok бо он рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ин аст, ки системаҳои худкор наметавонанд мисли инсонҳои зинда хуб кор кунанд. Аз хатогиҳо ҳангоми ба таври автоматӣ нест кардани мундариҷа баъзе корбарон метавонанд ҷафо кашанд. Қобили зикр аст, ки TikTok борҳо ба поймолкунии ҳуқуқ ҳангоми нест кардани видеороликҳои муайян айбдор карда шудааст.
Корандозии озмоишии модератсияи воситаҳои автоматиконидашуда нишон дод, ки танҳо бояд ба нашри панҷ фоизи роликҳои аз ҷониби система басташуда иҷозат дода шаванд. Бо вуҷуди ин, бояд фаҳмид, ки ин ҳанӯз як рақами хеле калон аст. Танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар ИМА пахши 8 540 088 видео рад карда шуд. Хабар дода мешавад, ки системаи нав аввал дар ИМА ва Канада роҳандозӣ мешавад ва баъдан кори он дар дигар минтақаҳо низ паҳн карда мешавад.