Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентив барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок мекунанд.
Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин татбиқи лоиҳа ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок ҷой доранд. Дар бораи масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мубодилаи назар хоҳанд кард.
Тибқи натиҷаҳои вохӯрии машваратӣ, қабул гардидани бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба дар назар аст.
Ташаббуси баргузории машваратҳои мунтазами роҳбарони давлатҳои минтақа аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2017 дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод гардида буд.
Дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар ин формат, беш аз 20 чорабинии бузург, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкориро фаро мегиранд, гузаронида шуданд.