Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Туркманистон мулоқот кард
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 август дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд.
Дар доираи Ҷаласаи навбатии машваратӣ маросими ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои хизматҳои барҷастааш дар рушди дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳусни тафоҳум байни давлатҳои минтақа супурдани Нишони ифтихории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 август дар Остона ба вуқӯъ пайваст, иштирок кард.