Ӯзбекистони Нав барои ҳамкории васеи амалӣ дар роҳи рушди устувор ва «сабз» кушода аст

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 январ дар нишасти «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби», ки дар ин рӯзҳо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, суханронӣ кард.

    Дар кори нишаст инчунин Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Сарвазири Ҷумҳурии Итолиё Ҷорҷа Мелони, Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим, Сарвазири Ҷумҳурии Финландия Петтери Орпо, инчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.

    Мувофиқи рӯзномаи форуми мазкур масъалаҳои таъмини рушди устувор, пешбурди навовариҳо, иқтисоди «сабз» ва ҳамбастагии минтақавӣ муҳокима шуданд.

    Дар суханронии худ сарвари давлати мо таъкид намуд, ки дар айни замон диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва коҳиши ҷиддии ҳиссаи карбогидридҳо дар онҳо шартҳои асосии сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмини рушди устувор ва амнияти глобалӣ мебошанд.

    Қайд гардид, ки ҳадафи стратегии Ӯзбекистони Нав таъмини устувории экологӣ ва рушди иқтисодӣ тавассути гузариш ба модели рушди сарфаи захира ва «сабз» мебошад.

    – Маҳз ба ҳамин хотир соли 2025-умро дар Ӯзбекистон «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди «сабз» эълон кардем, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Президенти Ӯзбекистон зикр кард, ки дар кишвари мо Стратегияи дарозмуддати рушди карбонпаст ва Барномаи миллии маблағгузории «сабз» таҳия шудаанд. Дар 5 соли наздик қисмҳои «сабз» дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ то 50 фоиз зиёд карда мешаванд.

    Корҳо барои татбиқи системаҳои миллӣ оид ба мониторинги партовҳои газҳои гулхонаӣ ва савдои квотаҳои партовҳо идома доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2030 партовҳои газҳои гулхонаӣ бо афзоиши марҳилавии ин нишондиҳанда 35 фоиз кам карда шаванд.

    Дар доираи барномаи «Макони сабз» дар кишвар корҳо оид ба кабудизоркунии на камтар аз 30 фоизи ҳудудҳои шаҳрӣ гузаронида мешаванд. Чораҳои низомӣ барои ноил шудан ба фарогирии 100-фоизаи кишоварзӣ бо технологияҳои сарфаи об амалӣ мешаванд.

    Шавкат Мирзиёев ба рушди босуръати иқтидорҳои «сабз» барои пурра таъмин кардани ниёзҳои энергетикии иқтисодиёти босуръат афзояндаи кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

    – Дар 5 соли охир ба соҳаи энергетика тақрибан 20 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда, иқтидорҳои муосири энергетикӣ бо 9,6 гигаватт ба кор дароварда шуданд. Аз ҷумла, 14 неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 3,5 гигаватт ва инчунин 2 системаи нигоҳдории энергияи тавонаш 300 мегаватт сохта шуданд, – қайд кард сарвари давлат.

    Дар айни замон якҷоя бо шарикони хориҷӣ зиёда аз 50 лоиҳаи бузург ба маблағи зиёда аз 26 миллиард доллар барои истеҳсоли умумии 24 гигаватт неруи барқ амалӣ карда мешавад. То соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия то 54 фоиз афзоиш ёбад.

    – Имрӯз рушди «сабз» дар Ӯзбекистон ба сатҳи як ҳаракати умумимиллӣ бардошта шудааст, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлати мо аҳамияти густариши ҳамкориҳои минтақавиро барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба яке аз марказҳои рушди иқтисоди «сабз» ва «энергияи тоза» таъкид кард.

    Қадамҳои аввал барои эҳёи Роҳи бузурги абрешим тавассути ҳамбастагии энергетикӣ гузошта шуданд. Созишномаи бисёрҷонибае, ки ба қарибӣ бо Қазоқистон ва Озарбойҷон дар доираи COP-29 ба имзо расид, имконият медиҳад, ки «энергияи сабз» ба Аврупо содир карда шавад.

    – Мехоҳам махсус қайд намоям, ки Аморати Муттаҳидаи Араб шарики боэътимод ва стратегии мо дар соҳаи «энергияи сабз» мебошад, – изҳор дошт роҳбари Ӯзбекистон.

    Дар солҳои охир портфели сармоягузорӣ бо аморатҳо аз 26 миллиард доллар зиёд шудааст. Локомотиви асосии ин ҳамкориҳо лоиҳаҳои соҳаи энергияи барқароршаванда мебошанд.

    Якҷоя бо ширкати Masdar панҷ иншооти истеҳсоли неруи барқ бо иқтидори умумии 1,5 гигаватт ба истифода дода шуданд. Се лоиҳа барои эҷоди иқтидорҳои истеҳсолӣ бо иқтидори 1,6 гигаватт амалӣ карда мешаванд ва системаҳои нигоҳдории энергия бо иқтидори тақрибан 520 мегаватт-соат сохта мешаванд.

    Лоиҳаҳои ба ин монанд ҳамчунин якҷоя бо ширкатҳои пешбари аморатӣ, инчунин шарикон аз Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия ва Чин амалӣ мешаванд.

    Президенти Шавкат Мирзиёев дар бораи манфиатдории кишвари мо дар татбиқи якҷояи потенсиали бузурги Осиёи Марказӣ дар соҳаи энергияи офтобӣ, обӣ ва бодӣ, инчунин истеҳсоли гидрогени «сабз» изҳори назар кард.

    Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, танҳо дар Ӯзбекистон потенсиали истеҳсоли 500 гигаватт энергияи офтобӣ, 100 гигаватт бодӣ ва 10 гигаватт гидроэнергия вуҷуд дорад.

    Минтақаи мо дорои захираҳои бузурги уран ва дигар сарватҳои муҳими стратегӣ мебошад.

    – Мо омодаем ба шарикони хориҷии худ шароити беҳтаринро пешниҳод кунем, – таъкид намуд роҳбари Ӯзбекистон.

    Ӯ марказҳои илмии пешбар, коршиносон ва олимонеро, ки дар кори форум иштирок мекунанд, даъват намуд, ки бо Донишгоҳи «сабз», ки дар Тошканд кушода шудааст, дар татбиқи барномаҳои тадқиқотӣ ва инноватсионӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд. Пешниҳод шуд, ки дар асоси ин донишгоҳ Шабакаи байналмилалии тадқиқотӣ оид ба мубориза бо таназзули замин ва биёбоншавӣ таъсис дода шавад.

    Зикр гардид, ки дар нишастҳои COP-28 ва COP-29 дар Дубай ва Боку, инчунин дар дигар форумҳои байналмилалӣ Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳоро барои мубориза бо оқибатҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим пешниҳод кард.

    Таъсиси Маркази байналмилалии арзёбии зарар ва талафот, таъмини амнияти экосистемаҳои дарёӣ, таъсиси маркази минтақавии татбиқи технологияҳои сарфаи об, ташаккули бонки захираҳои генетикии растаниҳо ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.

    – Мо омодаем бо ҳамаи шариконамон дар ин самтҳо ба корҳои амалӣ шурӯъ кунем, – изҳор дошт Президенти Ӯзбекистон.

    Сарвари давлат хабар дод, ки дар конфронси оянда оид ба мушкилоти глобалии иқлими Осиёи Марказӣ, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, Консепсияи минтақавии рушди «сабз» пешниҳод хоҳад шуд.

    Вай инчунин намояндагони кишварҳои иштирокчии нишастро ба Фестивали ҷаҳонии ҷавонони ташаббусҳои рақамии «сабз», ки 15 май – дар Рӯзи байналмилалии иқлим дар минтақаи Назди Арал баргузор мегардад, даъват кард.

    Дар анҷоми суханронии худ, роҳбари кишвари мо боз як маротиба кушодагии Ӯзбекистони Навро барои ҳамкориҳои амалӣ дар роҳи рушди устувор ва «сабз» таъкид намуд.