Саҳми ин соҳа дар ҳаҷми умумии саноат 3,5 фоиз ва дар содироти молҳо 10 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта маҳсулот бо арзиши 31 триллион сӯм истеҳсол шуда, ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар содир гардид. Ҳамчунин, 516 миллион доллар сармоя азхуд карда шуда, 85 корхонаи нав ба кор шурӯъ намуд. Дар айни замон дар ин соҳа зиёда аз 27 ҳазор ҳамватанони мо фаъолият мекунанд.
Дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки 5 сентябри соли гузашта баргузор гардид, имкониятҳои иловагӣ барои баланд бардоштани самаранокии соҳа муайян карда шуданд. Аз ин рӯ, барои соли ҷорӣ як қатор вазифаҳо пешбинӣ шудаанд.
Раиси Ассотсиатсияи «Ӯзэлтехсаноат» зимни муаррифӣ хабар дод, ки имсол дар минтақаҳо татбиқи 290 лоиҳаи нав бо арзиши умумии 4 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, 600 миллион доллар сармоя азхуд карда шуда, сатҳи коркарди мис ба 75 фоиз мерасад.
Пеш аз ҳама, барномаҳои маҳаллисозӣ бояд самаранок истифода шаванд. Ҳамин тариқ, имсол дар кишвар лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо маблағи 75 миллиард доллар амалӣ мешаванд, ки аз ин 28 миллиардро метавон бо истифодаи маҳсулоти маҳаллӣ таъмин намуд.
Барои васеъ намудани кластерҳои электротехникӣ заминҳои иловагӣ ҷудо шудаанд: 200 гектар дар Оҳангарон, 10 гектар дар Фарғона ва 4 гектар дар Урганҷ. Бо арзиши 181 миллиард сӯм инфрасохтори мувофиқ сохта шудааст.
Ҳоло ба соҳибкорон иҷозат дода мешавад, ки дар ҳудуди технопаркҳо биноҳои омода созанд ва онҳоро ба корхонаҳои соҳаи электротехникӣ ва соҳаҳои алоқаманд фурӯшанд. Пешниҳод мешавад, ки соҳибкороне, ки истеҳсолоти баландтехнологиро ҷорӣ мекунанд, аз пардохти андози фоида ва андози амвол барои се сол озод шаванд.
Ин имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои нав, аз ҷумла дар кластери мисии Оҳангарон ба маблағи 68 миллион доллар, инчунин дар Қашқадарё, Фарғона ва Урганҷ бо арзиши 30 миллион доллар ба кор дароварда шаванд.
Барои фурӯши маҳсулот бозори кафолатнок бо ҳаҷми 15 триллион сӯм дар қисмати вазоратҳо ва соҳаҳои саноатӣ ташкил карда мешавад. Тартиби хариди таҷҳизоти энергияи барқароршаванда барои муассисаҳои иҷтимоӣ аз истеҳсолкунандагони маҳаллӣ таҳия мешавад.
Сарвари давлатамон қайд кард, ки ин соҳа барои иқтисодиёти «сабз» ва рушди устувор аҳамияти махсус дорад. Дар робита ба ин, ӯ супориш дод, ки ҳамаи имкониятҳо дар маҳалҳо ҳарчӣ бештар истифода шаванд, инчунин ба соҳибкорон шароити иловагӣ дар бахши инфрасохтор, маблағгузорӣ ва таъмини ашёи хом фароҳам оварда шавад.
Шахсони масъул қайд карданд, ки бо шарофати ин тадбирҳо содироти солонаро метавон то 3 миллиард доллар ва ҳаҷми истеҳсолотро то 50 триллион сӯм расонд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таҳияи инноватсияҳо ва маҳсулоти харидоргир, омодасозии муҳандисон, технологҳо ва мутахассисони соҳибихтисоси звенои миёна баррасӣ шуданд.