Олимон бемориҳоеро номбар кардаанд, ки метавонанд дар соли 2025 пандемияҳои навро ба вуҷуд оранд

    Тандурустӣ 31 Dekabr 2024 634

    Олимон 11 бемориро номбар кардаанд, ки метавонанд дар соли 2025 пандемияҳои навро ба вуҷуд оранд. Ба ин рӯйхат сурхча, вабо, зукоми мурғӣ, котур, хуруҷи нави Ковид ва ғайра дохил мешаванд. Илова бар ин, коршиносон оқибатҳои эҳтимолии ҷиддии "бемории X" -ро эълон карданд.

    24 октябр то 5 декабр оиди беш аз 400 ҳолат маълум кардааст. Ин сироят дар минтақаи Панзи дастикам ба умри 31 нафар, аксаран кӯдакон зомин шудааст. Аломатҳои беморӣ мисли шамолхӯрӣ, бо хастагии шадиди организм падид меомадааст .

    Ходими калони илмии шӯъбаи тандурустии ҷаҳонии Донишгоҳи Саутгемптон Майл Ҳид гуфт, ки "Бемории X" метавонад ба пандемия оварда расонад ва агар он ногаҳон рух диҳад, эҳтимол "ҷаҳонро ба ҳайрат меорад", менависад Mir24.

    Ба ақидаи бисёре аз олимон, ҷаҳон ба як хуруҷи ногаҳонии сироят, ки ҳанӯз омӯхта нашудааст, омода нест. Дар робита ба ин, СУТ патогенҳои номаълумро ба рӯйхати аввалиндараҷаи бемориҳое, ки ба таҳқиқоти фаврӣ ниёз доранд, дохил кардааст. Олимон инчунин табларзаи Денге, вируси Чикунгуня, табларзаи Нили Ғарбӣ, сурхак, зукоми парранда, COVID, вабо, вараҷа, сулфаи кабуд ва котурро ба рӯйхати бемориҳое дохил кардаанд, ки метавонанд боиси сирояти оммавӣ шаванд.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates