Қаблан муҳаққиқон чаҳор сайёраеро медонистанд, ки андоза ва хусусиятҳояшон тақрибан ба Замин монанд буданд. Чанде пеш як гурӯҳи байналмилалии астрономон бо қатъият мавҷудияти панҷумин сайёра — L 98-59 f-ро тасдиқ намуданд.
Ин кашфиёт бо ёрии таҳлили ларзишҳои сусти ҳаракати ситора ба даст омад. Онҳо бо истифодаи спектрографҳо ва кӯмаки ченкунии суръати радиалӣ муайян гардиданд. Ба гуфтаи олимон, сайёраи кашфшуда Замин аз Офтоб чӣ қадар энергияро гирад, аз ситора ҳам ҳамон миқдор мегирад. Ин омил имкон медиҳад, ки он ҳамчун сайёраи қобили зист арзёбӣ гардад, зеро ба таври назариявӣ мумкин аст дар рӯи он об вуҷуд дошта бошад, менависад mir24.tv.
Ба гуфтаи олимон, низоми L 98-59 ҳоло дорои имконоти бузург барои ҷустуҷӯи нишонаҳои ҳаёт дар кайҳон ба ҳисоб меравад. Масофаи он 35 соли рӯшноӣ буда, нисбатан наздик ба шумор меравад, хабар медиҳад The Astronomical Journal.








