«UzAuto Motors»: дар рӯзи аввали фурӯш ба зиёда аз 28 ҳазор мошини Chevrolet Onix шартнома баста шуд

    Нақлиёт 2 Noyabr 2022 1548

    Рӯзи аввали фурӯши Chevrolet Onix бо шумораи рекордии имзои шартномаҳо анҷом ёфт. 1 ноябрь ба қариб 30 ҳазор автомашина шартнома баста шуд, ки зиёда аз 28 ҳазори он мошинҳои нави Chevrolet Onix мебошанд.

    «Ин нишондиҳанда барои “UzAuto Motors” рекорди мутлақ мебошад ва аз миқдори миёнаи шартномаҳо нисбат ба рӯзҳои оддӣ қариб 30 баробар зиёд аст, ки аз комёбии равшани автомобили Chevrolet Onix бозгӯӣ менамояд. Гузашта аз ин, нишондиҳандаи рекордӣ ба мо равшан нишон медиҳад, ки сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва барқароршавии иқтисодиёт ба таври назаррас боло рафтааст», - хабар медиҳад хидмати матбуоти ширкат.

    Таваҷҷуҳ ба мошинҳои “UzAuto Motors” меафзояд, дар баробари ин интизориҳои муштариён аз мошинҳо ва саъю кӯшиши онҳо аз содда ба беҳтар боло меравад. Инро аз хоҳиши дӯстдорони мошинҳо дидан мумкин аст - аксарияти (61%) Chevrolet Onix-и шартномавӣ дар дараҷаи олӣ истеҳсол шуданд.

    Ҳиссаи зиёди харидороне, ки зиёда аз як мошин харидорӣ кардаанд, ки тақрибан 45 фоизро ташкил медиҳад, низ далели он аст. Истифодаи Chevrolet Onix ҳамчун воситаи сармоягузорӣ барои бисёре аз шаҳрвандони мо танҳо маънои онро дорад, ки одамон ба серхаридории модел ва арзиши он боварӣ доранд.

    «Ҳар як муштарӣ барои мо, новобаста аз он ки ӯ мошинро бо кадом мақсад ва дар кадом миқдор мехарад, муҳим аст. Ва вазифаи мо конеъ гардондани талаботи хар кас аст!

    Маҳз ба ин мақсадҳо “UzAuto Motors” оид ба нав кардани як қатор автомобилҳои пешниҳодшуда, ки дар доираи он лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли Chevrolet Tracker ва Onix роҳандозӣ шудаанд, сиёсати фаъолро пеш мебарад. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо “General Motors” масъалаи афзоиши иқтидори истеҳсолии мошинҳо дар соли 2023 то ба 500 ҳазор адад ва дар пешомади дарозмуддат то ба 1 миллион адад таҳия нардид», - гуфтанд дар ширкат.

    Ширкати “UzAuto Motors” итминон медиҳад, ки тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад, то бозорро бо мошинҳои замонавӣ, ки бо ҷузвҳои пешқадами сазовори истеъмолкунандагонамон муҷаҳҳаз шудаанд, то ҳадди имкон пурра таъмин намояд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates