Ӯзбекистон — Испания: хамкорӣ байни донишкадаҳои хоҷагии қишлоқ ва пажӯҳишгоҳҳои хар ду мамлакат инкишоф меёбад

    Аз 9 то 15 августи соли 2022 кормандони Маъмурияти Президент, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ректори Донишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ Мунир Аминов, директори пажӯҳишгоҳи механиконии кишоварзии назди вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шухрат Азизов ва намояндагони созмонҳои дигар бо боздид дар Испания қарор доранд.

    Ҳадаф аз сафар бастани созишномаҳои дарозмуддат байни кишварҳо бо муассисаҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

    Дар ҷараёни боздид бо директори тиҷоратии "Ingeser" Николай Чубинов мулоқот баргузор шуд. Ширкат дар болои лоиҳаи ташкил кардани Агромарказ оид ба ногоҳдорӣ, саракунӣ, азнавкоркард, хушккунӣ, яхкунонии шокӣ ва содироти меваву сабзавот дар Ӯзбекистон кор пеш мебарад. Масъалаҳои инжиниринг, консалтинг, баланд бардоштани иқтидори маркази оянда ва Агро инкубатори Донишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Ҳамчунин, дар Сафорати Ӯзбекистон дар Испания мулоқоти ҳайат бо директори генералии ширкати "SpainMed" ҷаноби Хосе Алварес доир гардида, дар он лоиҳаи гусфандпарварии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои ҳамкорӣ дар ин самт байни мутахассисони ду мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифт.

    Илова бар ин, аъзои ҳайат бо муҳандиси пешбари ширкати "Fenacore", ки ба татбиқи усули обёрии қатрагӣ дар кишвар тахассус дорад, мулоқот карданд. Масъалаҳои даъвати мутахассисони ширкат барои гузаронидани дарсҳои маҳорат дар Ӯзбекистон кор карда шуданд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар округи мухтори Кастиля-ла-Манча, дар шаҳри Толедо мулоқот бо директори генералии Шӯро оид ба масъалаҳои маориф, ҷавонон ва варзиш Карлос Алберто ва бо намояндагони университет, инчунин як қатор дигар вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates