Ўзбекистон – АМА: марҳилаи навбатии лоиҳаи "Пешвоёни ҷавон" дар амал

    Насли оянда 28 Iyun 2022 1530

    Агентии рушди стратегӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷоя бо Вазорати оид ба корҳои ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб моҳи ноябри соли гузашта барномаи омодакунии пешвоёни ҷавонро аз сафи хидматчиёни давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор даровард.

    Ёдовар мешавем, ки ифтитоҳи лоиҳаи “Пешвоёни ҷавон” дар доираи "Dubai EXPO-2020" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов сурат гирифт.

    Дар лоиҳа 22 намояндаи вазоратҳои Ӯзбекистон ширкат доранд. Аз ҷумла мутахассисони Агентии рушди стратегӣ.

    Лоиҳа марҳилаҳои асосии таълимро дар бар мегирад: роҳбарӣ, молияи давлатӣ, пешгӯии оянда, навовариҳои пешрафта, идоракунии бӯҳрон, сиёсат, идоракунии стратегӣ ва идоракунии самаранокӣ, роҳбарӣ тавассути ВАО ва ҷалби шаҳрвандон ба коммуникатсия.

    То имрӯз дар ин самтҳои мавзӯӣ 46 соат омӯзиши онлайн ба анҷом расидааст. Ва ҳоло қисми амалӣ оғоз ёфт - омӯзиши офлайнӣ барои иштирокчиёни лоиҳа дар вазоратҳои дахлдори АМА.

    Дар натиҷаи барномаи омӯзишӣ, ҳар як иштирокчии лоиҳа бо кӯмаки коршиносони вазоратҳои дахлдори Амороти Муттаҳидаи Араб бояд консепсияи рушди самти интихобшударо таҳия намояд, ки минбаъд метавонад дар вазорату идораҳои онҳо амалӣ карда шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии рушди стратегӣ хабар медиҳад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates