Ӯзбекистон омода аст, аз ваксинаи «Спутник Лайт» барои эмгузаронии аҳолӣ истифода кунад

    Тандурустӣ 26 Oktabr 2021 891

    Ваксинаи «Спутник Лайт» қулай ва муфид аст ва аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ барои эмкунии аҳолӣ аз коронавирус истифода мешавад, гуфт сардори Хидмати беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев.

    Юсупалиев рӯзи сешанбе ба АИР Новости дар посух ба суол дар бораи тавсеаи доираи ваксинаҳое, ки дар Ӯзбекистон истифода мешаванд, гуфт: "Мо омодаем аз «Спутник Лайт» дар кишвар истифода кунем, ман ҳеҷ монеа намебинам".

    Сардори ХСЭ қайд кард, ки доруҳои яквоягӣ хеле қулайанд ва «дар ҳадафи гузаштан ба ваксинаҳои якдоза ин хеле муфид хоҳад буд».

    "Фикр мекунам, ки мо бояд доираи ваксинаҳоро тавсеа диҳем. Пандемия ҳанӯз дар ин ҷост, ҳар қадар ваксина ва дастрасии бештар вуҷуд дошта бошад, системаи эмгузаронӣ ҳамон қадар муассиртар кор мекунад", -- афзуд Юсупалиев.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates