Ин натиҷа боз як бори дигар аз рушди қобили мулоҳизаи иқтидори илмиву тадқиқотӣ ва инноватсионии кишвар шаҳодат медиҳад.

Барои маълумот: Индекси глобалии инноватсионӣ ҳамасола моҳи сентябр нашр мегардад ва бар асоси ду зериндекси асосӣ ва 7 самти таркибии иборат аз тақрибан 80 нишондиҳанда тартиб дода мешавад. Ин нишондиҳандаҳо барои муайян кардани иқтидори инноватсионӣ, рушди илм ва технология, муҳити тиҷоратӣ ва сифати идоракунии кишварҳо муҳим мебошанд.

Ҳамзамон, нишондиҳандаҳои Ӯзбекистон дар якчанд самтҳо беҳтар гардидаанд. Бахусус, дар нишондиҳандаи “Сармояи инсонӣ ва тадқиқоти илмӣ” 12 зина боло, дар “Маҳсулоти дониш ва технология” — 10 зина боло ва дар “Рушди бозор” 4 зина боло рафтааст.

Ғайр аз ин, ҷумҳурии мо миёни гурӯҳи кишварҳои дорои даромади миёнаи поёнӣ, дар миёни 37 давлат ба мавқеи 7-ум расид (дар соли 2024 — 10-ум), дар Осиёи Марказӣ мақоми якум, дар Осиёи Ҷанубӣ пас аз Ҳиндустон ва Эрон — мавқеи 3-юмро ишғол кард (соле пеш — 4-ум).