“Ўзбекнефтегаз”: дар ағбаи "Қамчиқ" ду нуқтаи сайёри сӯзишворипуркунӣ фаъолият дорад

    Энергетика 21 Noyabr 2022 622

    Чунон ки маълум аст, ағбаи "Қамчиқ" ягона роҳест, ки водии Фарғонаро бо пойтахт ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мепайвандад. Аз ин рӯ, ин ағба дар ҳаёти ҷумҳуриамон аҳамияти стратегӣ дорад.

    Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди ҶС “Ўзбекнефтгаз” гузошта шудааст, таъмини ҳаракати беист ва бехатари ҳазорҳо нақлиёти автомобилӣ, ки ҳар рӯз ба воситаи ин ағба мегузаранд, мебошад.

    Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори роҳи автомобилгарди А-373-и "Тошканд - Ош"-и ағбаи Қамчиқ дар фасли зимистон як қатор корҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси дархости Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар километри 220-уми шоҳроҳи А-373 «Тошканд – Ош» ҶММ «Нефтебаза»-и Кучлик ва дар километри 247 ҶММ "Базаи нафти Тӯрақӯрғон» навбатдории сайёри нуқтаҳои сӯзишворипуркунӣ (дизел ва бензин) ташкил кардаааст.

    ҶС «Ўзбекнефтгаз» дар ағбаи Қамчиқ бо маҳсулоти нафтӣ таъмин кардани истеъмолгаронро таҳти назорати доимӣ қарор додааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates