“Ўзбекнефтегаз”: иқтидори содиротӣ ва имкониятҳои пешбурди мол ва хидматрасонӣ баррасӣ гардид

    Сармояҳо 30 Avgust 2022 1000

    Мувофиқи супоришоти Котиботи оид ба масъалаҳои сармояҳо, пешбурди содирот ва равобити иқтисоди хориҷии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 августи соли 2022 бо роҳбарони масъули корхонаҳои ҶС “Ўзбекнефтгаз”, ҶММ КХ "Промишленно-энергетическая группа", КМ “Uz-Kor Gas Chemical”, корхонаҳои «Лукойл»-и Федератсияи Русия ва дигар корхонаҳои хориҷӣ, иқтидори содиротӣ ва имкониятҳои пешбурди молу хизматрасонӣ дар давраи солҳои 2021-2023 ҳамаҷониба баррасӣ гардид.

    Соли 2021 содироти маҳсулот ва хизматрасонӣ ба маблағи 456,3 миллион доллар амалӣ гардонда шуда, то охири соли 2022 барои ба 586,1 миллион доллари ИМА расондани суръати солонаи содирот ё ба 129,1 фоиз иҷро намудани нишондодҳои мақсадноки содирот ва ба 128,5 фоиз зиёд гардондани суръати афзоиш тамоми чораҳо андешида мешаванд.

    Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, аз ҷумла васеъ намудани ҷуғрофиё ва номгӯи содирот нишондиҳандаҳои пешбинишудаи содирот барои соли 2023 дар заминаи маҳсулот таҳия шудаанд.

    Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, он 595,9 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 130,6 фоиз зиёд аст.

    Бинобар хабари хидмати матбуоти ҶС «Ўзбекнефтегаз» имрӯз бо 40 сафоратхона ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷ алоқаҳои доимӣ барқарор шуда, оид ба васеъ гардондани ҷуғрофияи содирот мубодилаи ахбор ба амал бароварда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates