«Ӯзбекнефтегаз»: бо ширкатҳои эронӣ оид ба лоиҳаҳои коркарди нафту газ музокира сурат гирифт

    Энергетика 25 May 2022 983

    Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони ҶС «Ӯзбекнефтегаз» дар намоишгоҳи нафту газ, ки рӯзҳои 14-16 май дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, ширкат дошт. Дар чаҳорчӯби он бо як идда созмону корхонаҳое, ки ба Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон шомиланд, мулоқоту гуфтугӯҳо сурат гирифт.

    Аз ҷумла, дар бораи тарҳҳои коркарди нафту газ дар Ширкати миллии нафти Эрон (National Iranian Oil company, NIOC) ва Ширкати миллии нафту кимиё (National Petrochemical Company, NPC) музокирот сурат гирифт.

    Қобили зикр аст, ки NIOC қодир аст дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 4 миллион баррел нафт ва 500 миллион метри мукааб газ тавлид кунад.

    Дар рафти мулоқот намояндагони ҶС «Ўзбекнефтгаз» дар бораи равандҳои трансформатсионӣ, ки имрӯз дар саноати нафту гази Ҷумҳурии Ӯзбекситон татбиқ мегарданд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳо, кластерҳои технологии кимиёвии сохташаванда маълумот доданд.

    Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин мулоқот муъаррифии лоиҳаҳое, ки ба фаъолияти ширкатҳои эронӣ бахшида шудаанд ва дар соҳаи саноати коркард, нафту кимиё амалӣ мешаванд, сурат гирифт.

    Дар навбати худ ба намояндагони ширкати эронӣ дар бораи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои “Ӯзбекнефтегаз”, номгӯ, навъҳои маҳсулоти воридотӣ, талаботи техникӣ ва тартиби харид маълумоти муфассал дода шуд.

    Бо намояндагони ширкатҳо оид ба дарёфти пешниҳодҳо ҷиҳати муайян кардани мутахассисон барои кори муштарак дар сатҳи завод, омӯхтани имкониятҳои мутақобила ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти «Ӯзбекнефтегаз».

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои азнавкоркарди амиқи маҳсулоти полимерӣ дар ҳамкорӣ бо ҶС “Ўзбекнефтгаз”, имконияти истеҳсоли полимерҳои композитӣ барои қубурҳо ва плёнкаҳо, инчунин азхудкунии тамғаҳои нави полимерҳо баррасӣ гардиданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates