“Ўзбекнефтгаз”: бо намояндагони Бонки байналмилалии “Sredit Agricole”-и Фаронса музокирот гузаронда шуд

    Энергетика 15 Aprel 2022 1495

    Моҳи марти соли ҷорӣ ба мақсади ба сатҳи нав баровардани ҳамкории ҶС “Ўзбекнефтгаз” бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, истифодаи самарабахши таҷрибаи институтҳои байналмилалии молиявӣ аъзои ҳайат таҳти сарварии Раиси Раёсат Меҳриддин Абдуллаев бо боздиди корӣ дар Лондон шуданд.

    Зимни ин сафар дар мулоқот бо намояндагони Бонки байналмилалии «Credit Agricole», ки конгломерати молии Фаронса аст, оиди идомаи равобити доимӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    Ба қарибӣ директори маблағгузории содирот ва савдои байналмилалии бонки "Credit Agricole"-и Фаронса Г. Оливе ба ҶС «Ӯзбекнефтегаз» барои омӯзиши минбаъдаи маводи зарурӣ ва тақдими пешниҳоди маблағгузорӣ ташриф овард.

    Дар мулоқот намояндагони ҶС «Ўзбекнефтгаз» дар бораи фаъолияти умумии ҷамъият, равандҳои трансформатсия, ки ҷамъияти саҳҳомӣ амалӣ менамояд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешомаднок маълумоти муфассал доданд.

    Лоиҳаи сармоягузории «Вусъат додани иқтидорҳои истеҳсолии Маҷмааи гази кимиёи Шӯртан» низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба рафти татбиқи он маълумоти мухтасар дода шуд.

    Дар доираи мулоқот масъалаҳои ташкили маблағгузории лоиҳаҳои пешомадноки ҶС “Ўзбекнефтегаз” – “Истеҳсоли ашёи хоми алкилбензол (LAB)" ва "Истеҳсоли Бутен-1 ва Гексен-1" баррасӣ шуданд.

    Г.Оливе иқрор шуд, ки вохӯрии ҳайати вакилон таҳти роҳбарии Раиси Раёсат Меҳриддин Абдуллоев бо «Credit Agricole Sredit Agricole» зимни сафар ба Лондон пурсамар буда, дар натиҷа таваҷҷуҳи бонк ба фаъолияти «Ӯзбекнефтегаз» афзудааст.

    Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо оиди идома додани ҳамкории сермаҳсул ва ба ҳамдигар муфид ба тавовуқ омаданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҶС «Ўзбекнефтегаз».

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates