Боксчиёни ӯзбекистонӣ дар мусобиқаи байналмилалии XXXVII оид ба бокси ба номи Феликс Штамм дар Полша шаш медали тилло ба даст оварданд

    Варзиш 29 May 2023 1720

    Муштзанҳои ӯзбек дар мусобиқаи байналмилалии XXXVII бокси ба номи Феликс Стамм, ки аз 22 то 27 майи соли 2023 дар шаҳри Пултуски Лаҳистон баргузор шуд, шаш медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

    Дар мусобиқа муштзанҳои 23 кишвар – Австралия, Озарбойҷон, Булғория, Британияи Кабир, Венгрия, Олмон, Италия, Қазоқистон, Литва, Молдова, Полша, Руминия, Словакия, Тринидад ва Тобаго, Украина, Ӯзбекистон, Уэлс, Финландия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шотландия ва ғайра иштирок карданд, хабар медихад агентии «Дунё».

    Дар рӯзи панҷуми мусобиқаи байналмилалӣ ҳашт муштзани Ӯзбекистон дар қувваозмоии ниҳоӣ - Асилбек Жалилов (вазни то 51 кг) бар зидди Ёқуб Сломински аз Полша, Дилшод Абдумуродов (то 60 кг) бар зидди Ҷзойс Давей аз Ирландия, Адҳамҷон Муҳиддинов (то 63 5 кг) Ҷон Ҳейл аз Ирландия, Ҳавасбек Асадуллоев (то 80 кг) бар зидди Нурислом Исмоилов, Тӯрабек Ҳабибуллоев (то 80 кг) Раҳматилло Бойматов ва Нусратбек Тоҳиров (то 92 кг) ба зидди Владимир Кушнир аз Украина ба ринг баромаданд.

    Асилбек Ҷалилов, Дилшод Абдумуродов, Адҳамҷон Муҳиддинов, Хавасбек Асатуллоев, Тӯрабек Ҳабибуллоев ва Нусратбек Тоҳиров барандагони медалҳои тилло шуданд.

    Медалҳои нуқраро Нурислом Исмоилов ва Раҳматилло Бойматов ва биринҷӣ С.Ҷалолов гирифтанд.

    Албатта, ин натиҷа ба дастаи мунтахаби Ӯзбекистон имкон дод, ки дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро ишғол намояд.

    Инчунин бояд гуфт, ки ҳамватани мо Адҳам Муҳиддинов беҳтарин муштзани мусобиқа дониста шуда, барои ин ҷоизаи махсус – "Ҷоми муштзани беҳтарин"-ро гирифт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates