Дар ин бора роҳбари лабораторияи астрономияи офтобии Пажӯҳишгоҳи кайҳонӣ (ПК) ва Пажӯҳишгоҳи физикаи офтобӣ ва заминӣ (ПФОЗ)-и Академияи илмҳои Русия Сергей Богачёв изҳор дошт, менависад gazeta.ru.

«Мо интизор дорем, ки соли 2024 аллакай соли максималии фаъолияти офтобӣ хоҳад буд. Ин маънои оташакҳои калон, тӯфонҳои бузурги магнитиро дорад, бинобар ин, дар маҷмӯъ, агар соли 2024-ро бо соли 2023 муқоиса кунем, аз рӯи ҳама гуна пешгӯиҳо, он фаъолтар мешавад. Чӣ аз ҷиҳати фаъ-олнокии алангагирӣ ва ҳам аз ҷиҳати фаъолияти геомагнитӣ», — гуфт Богачёв.

Олим таъкид кард, ки дар соли 2024 фаъолнокии офтобӣ ва тӯфонҳои магнитӣ дар моҳҳои май-июн пешбинӣ шуда, то охири сол метавонад фаъъолият коҳиш ёбад. Вай инчунин қайд кард, ки фаъолияти офтобӣ дар асри XXI аз рекорди рекордӣ дур нест ва танҳо тақрибан 60 фоизи фаъолияти максималиро ташкил медиҳад.