Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масълаҳои татбиқи лоиҳаи ояндадорро, ки ба таъмини дастрасии васеъ ба таҳсилоти фарогир, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумаки ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд.
Лоиҳаи мазкур дар заминаи муассисаҳои таълими томактабии вилояти Сурхондарё кушодани 10 гурӯҳи фарогири бисёрзабонаи томактабӣ, аз он ҷумла барои бачаҳо аз аққалиятҳои забонӣ ва этникиро пешбинӣ менамояд.
Дар доираи лоиҳа ЮНИСЕФ дар шакли пӯшонидани хароҷоти корҳои таъмирӣ, таҷҳизонидани утоқҳои гурӯҳӣ бо мебел, бозичаҳо, маводи таълимӣ, инчунин расонидани ёрии методӣ кумак мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки хонум Тереза Гонсалес чанде пеш бо сафари корӣ дар вилояти Сурхондарё буд. Зимни сафар имкон пайдо кард, ки бо масъулини Раёсати таълими томактабӣ ва мактабҳои вилояти Сурхондарё, директорон, методистҳо ва мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки дар доираи лоиҳа интихоб шудаанд, суҳбат намояд.