Дар Озарбойҷон васлкунӣ ва фурӯши мошинҳои "Chevrolet" ва автобусҳои "SamAuto" оғоз ёфт

    Нақлиёт 19 Sentabr 2021 1443

    17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Гаҷигабул (Озарбойҷон) маросими тантанавии ифтитоҳи хатти истеҳсолии ҶС «UzAuto Motors» ва ҶДММ «СамАвто» баргузор шуд. Илова бар ин, дар доираи иттифоқ бо "General Motors", "UzAuto Motors" аз оғози фурӯши мошинҳои "Chevrolet" дар Озарбойҷон эълон кард.

    Заводи "Aзермаш СР", ки ба таркиби мавзеи саноатии Гаҷигабул шомил буда, дар наздикии шаҳри Боку ҷойгир аст, шарики истеҳсолӣ аз ҷониби Озарбойҷон гардид.

    Татбиқи лоиҳа ба туфайли созишномаҳои байни тарафҳо аз 21 июли 2021 имконпазир гардид. Моҳи апрели соли ҷорӣ, дар маросими ифтитоҳи мавзеи саноатии Гаҷигабул, Президенти Озарбойҷон Илҳом Ҳайдарович Алиев тугмаи рамзиро барои оғози лоиҳа пахш кард. Дар суханронии табрикии худ Президенти Озарбойҷон аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, хусусиятҳои муштараки фарҳангӣ ва забонии ду халқро қайд кард. Дараҷаи нави муносибатҳо байни давлатҳои бародарӣ моҳи октябри соли 2019 ҳангоми сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Баку барои расмигардонии баробарҳуқуқ ба Шӯрои туркӣ ворид шудани мамлакатамон эълон шуда буд.

    Дар маросими ба кор андохтани истеҳсолот дар корхонаи муштараки "Азермаш СР" муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои молиявию иқтисодӣ Ҷамшид Қӯчқоров нутқ эрод кард. Аз ҷониби Озарбойҷон вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микоил Ҷабборов дар ин чорабинӣ ширкат варзид.

    Дар марҳилаи аввали ҳамкорӣ дар корхонаҳои истеҳсолии "Азермаш СР" истеҳсол ва фурӯши мошинҳои "Chevrolet Nexia", "Chevrolet Cobalt" ва дар марҳилаи дуввум "Chevrolet Damas" ва "Chevrolet Labo" дар маҷмӯъ то 5 ҳазор адад пешбинӣ шудааст. Инчунин автобусҳои "СамАвто" то 1000 адад дар як сол.

    Тибқи иттилои паҳнкунандаи расмии "UzAuto Motors" дар Озарбойҷон, "Azermash CP", бартарии фарқкунандаи рақобатии ин моделҳо таносуби мусоид ва мутавозини нарх, фаъолият ва сифат хоҳад буд.

    Аз ҷониби Шавкат Умурзоқов қайд карда шуд: «Барои муваффақ шудан дар Озарбойҷон, мо асосҳои зиёд дорем. Озарбойҷон ва Ӯзбекистонро риштаҳои дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии нек мепайванданд, халқҳои бародари мо бо забонҳои ба ҳамдигар наздик ҳарф мезананд ва анъанаҳо, таърих, фарҳанг ва тинати муштарак доранд. Мо шубҳа надорем, ки маҳсулоти корхонаи нави мошинсозӣ дар байни сокинони Озарбойҷон маъруфият пайдо хоҳад кард, ки ба онҳо "Nexia", "Cobalt", "Damas" ва "Labo"-и навсозишуда, инчунин автобусҳои "СамАвто" писанд меояд. Таъсиси корхонаи муштарак байни Озарбойҷон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки дар баробари бозори Озарбойҷон ба чунин бозорҳои содиротӣ ба мисли Гурҷистон, Туркия ва кишварҳои Африқо ворид шаванд".

    Илова бар ин, директори генералии "UzAuto Motors" Бо Инге Андерссон қайд намуд: «Ҳоло мо имкони ба таркиби моделҳо илова кардани чанд мошини дигарро омӯхта истодаем. Ҳамин тариқ, мо интизорем, ки сафи аввала дар ояндаи наздик ба таври назаррас густариш ёфта, доираи васеи мошинҳои ҷолибро аз мошинҳои сабукрави хурд ва ихчам то SUV-ҳои калонҳаҷм фаро мегирад”.

    «Бо муҳаррикҳои ISUZU-и Ҷопон муҷаҳҳаз кардани автобусҳо ва истифодаи таҷҳизоти насли нав афзалиятҳои олии рақобатиро нишон медиҳанд. Дар оянда ҷонибҳо масъалаи тавсеаи хати истеҳсоли таҷҳизоти тиҷоратиро баррасӣ мекунанд", -- шарҳ медиҳад директори генералии ҶДММ "СамАвто" Улмас Юлдошев.

    Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2020 истеҳсоли мошинҳои "Chevrolet" дар Қазоқистон ба роҳ монда шуд. Истеҳсоли автобусҳои "СамАвто" дар Қазоқистон моҳи майи соли равон ба роҳ монда шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates