Гуфта мешавад, ки корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро аз шахси гумонбаршуда 13 000 доллари ИМА талаб кардааст, то бо ёрии шахсони мансабдори шиносаш ба қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ, ки дар Идораи тафтишоти назди Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Бухоро мавриди баррасӣ қарор дошт, мусоидат намояд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони ХАД ва прокуратура, ӯ ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда дастгир гардид.
Дар ҳолати дигар, аскари қатории шӯъбаи ангрении раёсати ҳифзи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд, бо муовини командири шуъба забон як карда, аз сокини ноҳияи Оққӯрғон 1 500 доллари ИМА талаб кардааст, то бо ёрии шиносони мансабдори худ ба ӯ барои ба кор қабул шудан ба Идораи ҳифзи Раёсати корҳои дохилии вилоят мусоидат намояд.
Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби Раёсати ХАД дар вилояти Тошканд якҷо бо прокуратура гузаронида шуд, ӯ ҳангоми гирифтани пешпардохти 1 000 доллари ИМА дастгир гардид.
Ҳамчунин, дар ҷараёни як амалиёти дигар, кормандони ХАД нозири калони шӯъбаи шиноснома ва раводиди фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд»-и Департаменти муҳоҷират ва шахсиятдиҳии ВКД-ро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 400 доллари ИМА дастгир карданд. Ӯ ваъда дода буд, ки дар тартиби суръатёфта барои шахси ноболиғ шиносномаи биометрии хориҷӣ бо гузоштани муҳри ҳамроҳкунанда барои сафар ба хориҷи кишвар омода мекунад.
Илова бар ин, дар ҷараёни санҷиши пешакии тафтишотӣ муайян шуд, ки аз аввали соли ҷорӣ нозири калон аз 42 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, аз 300 то 700 доллари ИМА барои додани раводиди хориҷшавӣ ва аз 8 шаҳрванди Ӯзбекистон аз 200 то 400 доллари ИМА барои гузоштани муҳри ҳамроҳкунанда дар тартиби суръатёфта маблағ гирифтааст.
Айни ҳол нисбати шахсони зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳамчун чораи пешгирӣ ҳабс татбиқ шудааст. Тафтишот идома доранд.