4-9 июл, дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Фарғона, ҷонибҳо корҳои демаркатсия дар хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муҳокима карда, оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои марзӣ дар сарҳади байнидавлатӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои демаркатсионии саҳроиро дар сарҳади давлатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома медиҳанд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Дар охири чорабинӣ Протокол ба имзо расид, хабар медиҳад АИ "Дунё".