Дар мулоқот ба масъалаи дар боғҳои миллии табиии Ӯзбекистон созмон додани “Марказҳои ташриф”, аз он ҷумла музейи фауна дар асоси таҷрибаи Италия таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.
Инчунин, масъалаи дар асоси таҷрибаи Италия таъсис додани 8 лабораторияи ДНК бо мақсади омӯзиши ДНК-и 184 намуди ҳайвоноти дар ҳолати дар остонаи нобудшавӣ қарордошта, ки ба Китоби сурхи Ӯзбекистон дар 7 мамнӯъгоҳ ва 1 мамнӯъгоҳи биосфера ворид карда шудааст, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба меморандум, ки ба таҳияи консепсияи кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати марказҳои сайёҳӣ дар асоси таҷрибаи итолиёвӣ, таъсиси фаъолияти боғҳои миллии табиӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ нигаронида шудааст, имзо карданд.
Ғайр аз ин, дар бораи ба лабораторияҳое, ки дар мамлакати мо барпо карда мешаванд, чалб намудани мутахассисони Боғи миллии табиии Абруссо созиш ба даст омад.
Барои маълумот: ҳар сол аз "Маркази ташриф"-и Боғи миллии табиии Абруссо 2 миллион сайёҳон дидан мекунанд.