Майдони ноҳияи Чироқчӣ 2,8 ҳазор километри мураббаъ аст. Қариб ним миллион нафар аҳолӣ дорад, 2 137 корхона мавҷуд буда, аз онҳо 324-тоаш саноатӣ мебошад, 230 муассисаи таълимии томактабӣ, 234 мактаб ва 8 поликлиникаи оилавӣ фаъолият доранд.

Дар рафти мулоқоти сарвари давлатамон бо интихобкунандагони вилояти Қашқадарё дар соли 2021 оиди таъсис додани ноҳияи Кӯкдала пешниҳод изҳор шуда буд. Дар асоси ин аз Чироқчӣ ба ноҳияи Кӯкдала 171 ҳазор гектар замин дода мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи навташкил 176,3 ҳазор нафар одамон зиндагӣ хоханд кард.

Тибқи тағйирот 162 корхонаи саноатӣ, як минтақаи хурди саноатӣ низ ба ҳудуди нав интиқол дода шуда, дар 10 ҳазор гектар замини корам дар асоси технологияи обёрии қатрагӣ бунёд намудани боғу токзорҳо дар назар аст, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.