Ба иттилои тафтишот, онҳо бо роҳбари хоҷагии деҳқонӣ мувофиқа кардаанд, ки барои шомил кардани хоҷагӣ ба нақшаи парвариши биринҷ, тасдиқи иҷрои уҳдадориҳои содиротӣ ва ҳимоя ҳангоми санҷишҳо 10 ҳазор доллар мегиранд.
Баъдан ҷонишини ҳоким бо таҳдиди мусодираи замин ба захираи давлат ва боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси хоҷагӣ 20 ҳазор доллари иловагӣ талаб мекунад.
Нисбат ба ҳар ду шахс бо моддаи 165 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчун чораҳои пешгирӣ ҳабс интихоб гардид.
Илова бар ин, дар вилояти Навоӣ ёвари ҳокими ноҳияи Кармана боздошт шуд. Ӯ аз як шаҳрванди кишвар барои расмӣ гардондани қитъаи замини масоҳаташ 12 метри мураббаъ, воқеъ дар канори шоҳроҳи М-37, ки қаблан ба шахси дигар ба иҷора дода шуда буд, 100 миллион сӯм талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани 40 миллион сӯм мансабдор аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амният ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир гардид.
Дар ҳар ду ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.