Тибқи қарор, ба гурӯҳҳои зерин кумаки якдафъаинаи моддӣ ба маблағи 1 млн. сӯм дода мешавад:
хонаводаҳое, ки дар Реестри иҷтимоӣ дар категорияи «оилаи зери таъминоти давлатӣ» сабт шудаанд;
шаҳрвандоне, ки дар реестри пиронсолони танҳо ва ашхоси ягонаи дорои маъюбият, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, дохиланд;
хонаводаҳое, ки дар онҳо ятимон ва кӯдакони бе парастории падару модар зиндагӣ мекунанд;
ҳамчунин, ба хонаводаҳои ниёзманде, ки дар Реестри иҷтимоӣ дар категорияи «оилаи камбизоат» дохиланд ва инчунин хонаводаҳои ниёзманди аз рӯйхати иловагии «ҳафтгонаи маҳалла» ташаккулёфта кумаки якдафъаинаи моддӣ ба маблағи 500 ҳазор сӯм дода мешавад.
Илова бар ин, барои 6 ҳазор беморони оилаҳое, ки дар Реестри иҷтимоӣ ҳастанд, хароҷоти марбут ба муолиҷа ва гузаронидани ҷарроҳиҳо пардохта мешаванд.
То 1 марти соли 2026 тибқи Рӯйхат кумакҳои якдафъаина ба кортҳои иҷтимоӣ ё кортҳои бонкии хонаводаҳо гузаронида мешаванд.