Тибқи иттилои агентии Report, бо истинод ба маълумоти Маркази мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, ки фаъолиятҳои сейсмикиро дар Осиёи Марказӣ пайгирӣ мекунад, заминларза соати 02:14 бо вақти Душанбе ба амал омадааст.

Қувваи заминларза дар эпитсентр — дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон — 5,3 баллро ташкил додааст.

То ин лаҳза дар бораи осебдидагон ва харобиҳо иттилоъ ворид нашудааст.