Ин ҷавонон дар ноҳияи Мирзо-Улуғбек хонаеро иҷора гирифта, дар он озмоишгоҳи истеҳсоли маводи нашъаовар ташкил карда буданд.
Ҳангоми боздошт аз дохили ин хона 1 килограмм маводи нашъаовари синтетикии «Мефедрон», ки барои паҳн кардан ба воситаи «закладка» омода шуда буд, инчунин таҷҳизот ва маводҳое, ки барои истеҳсоли лабораторӣ истифода мешуданд, ҳамчун далелҳои шайъӣ мусодира гардиданд.
Илова бар ин, бо истифода аз геолокатсияи телефони яке аз боздоштшудагон, дар ҷӯйбори ноҳияи Бектемир боз як махфигоҳ бо 1 килограмм «Мефедрон», ки барои фурӯши минбаъда пинҳон карда шуда буд, пайдо карда шуд.
Амалиёт дар ноҳияи Юнусобод идома ёфта, ҳангоми кӯшиши гирифтани маводи нашъаовар аз махфигоҳҳо, шаш нафар «закладчик» боздошт гардиданд.
Нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни қазия бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Истеҳсоли ғайриқонунӣ, харид, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи нашъаовар») парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.