«Мо моҳи марти соли 2022 парки саноатии худро дар Чирчиқ ифтитоҳ кардем. Имрӯз мо 7 иншооти истеҳсолӣ дорем ва 14 иншооти дигарро дар нимсолаи аввали соли 2024 ба кор меандозем», - гуфт Гиззатуллин ва қайд кард, ки дар маҷмӯъ беш аз 20 ширкат дар Чирчиқ мақоми резидентӣ гирифтаанд.
«То соли 2023 тақрибан 30% маҳсулоти дар парки саноатӣ истеҳсолшуда ба хориҷ содир карда мешаванд. Ин самараи хеле ҷиддӣ аст, — таъкид кард директори генералии «Химград».
Дар парки технологии “Ҷиззах”, ки бо ҳамкории ширкати «Химград»-и Ӯзбекистон низ кушода шудааст, ба гуфтаи Гиззатуллин, ҳоло се корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд.
«Мо умедворем, ки дар ояндаи наздик се корхонаи дигарро барои резидентӣ дар ин майдон имзо мекунем. Инҳо ширкатҳои кимиёвӣ, ин коркарди полимерҳо ҳастанд, ин истеҳсоли маводи кимиёвӣ барои саноати нассоҷӣ ва бастабандӣ аст», - гуфт ӯ.
Барои маълумот: Технопарки кимиёвиву индустралии “Чирчиқ” барои маҳалликунонии истеҳсолоти корхонаҳои хориҷӣ ва махаллӣ пешбинӣ шудааст. Технопарк дорои инфрасохтори муҳандисии пешрафта буда, барои таъмини бефосилаи сокинон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.