Дар он вазъи кунунии ҳамкориҳо, инчунин натиҷаҳои муқаддамотии марҳилаи аввали лоиҳаи тадқиқотӣ дар доираи ёддошти муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи омӯзиши бозори хидматрасонии пардохтӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин бозор ва афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ пешниҳодҳо таҳия гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муқовимат ба ҳамлаҳои киберӣ, баланд бардоштани сатҳи амнияти киберӣ ва огоҳии кормандони бонк ва ҷомеаро дар ин самт баррасӣ карданд.