Ин низомҳо, ки зуҳуроти ҳамкории давлат ва ҷомеа мебошанд, омили муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият, ноил шудан ба рушди устувор мебошанд.
Омӯзиши таҷрибаи дахлдори пешқадами чаҳонӣ, инчунин истифода бурдани он дар раванди демократиконии идораи давлатӣ дар мамлакати мо меъёри муҳими пешравӣ мегардад.
Дар ин хусус дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти мавзӯи "Ислоҳоти соҳаи хидмати оммавӣ дар Ӯзбекистони Нав: тағйирот дар дар шуур ва сиёсати ҳуқуқӣ" сухан рафт.
Дар чорабинӣ, ки Институти тадқиқотии сиёсати ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, Маркази тадқиқотҳои оммавию ҳуқуқӣ ва Намояндагии Фонди Конрад Аденауэр дар кишвари мо ташкил намудааст, олимон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, коршиносон аз Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Дар бораи моҳият ва аҳамияти хидмати оммавӣ, нақши онҳо дар баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии ҷамъият бо мутахассисони хориҷӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар конфронси илмию амалии Тошканд ва Самарқанд, ки 15-19 апрел баргузор шуд, на танҳо таҷрибаи байналмилалӣ, балки навгониҳои илмӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ дар соҳа баррасӣ гардиданд. Оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҳуқуқи умумӣ ва идоракунӣ пешниҳоду тавсияҳо таҳия гардиданд, хабар медиҳад ӮзА.