баннер
17 Mar 2025
02:48

    Дар Ӯзбекистон фурӯши доруи «Амбронол» боздошта шуд

    Тандурустӣ 5 Yanvar 2023 2699

    Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо пахш шуданд, ки вазири тандурустии ҷумҳурӣ А.Иноятов дастур додааст, ки фурӯши ҳама дорувории ҶММ «Quramax Medical» дар кишвари мо боздошта шавад.

    Тибқи иттилои Маркази давлатии экспертиза ва стандартикунонии доруворӣ, маснуоти таъиноти тиббӣ ва техникаи тиббӣ, доруҳои «Док-1 Макс» ва «Амбронол», ки ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид шудааст ва дар муомилот мебошад, эътироф шудаанд, ки «ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мувофиқат намекунанд».

    Аз ҷумла, маълум гардид, ки дар як қатор доруҳо пропиленгликол, этиленгликол ва диэтиленгликол мавҷуданд.

    Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳамчунин ба сифти чораи эҳтиётӣ фурӯши тамоми доруҳо, ки аз ҷониби ҶММ «Quramax Medical» ба кишвари мо дар соли 2022 ворид карда шудааст, қатъ карда шуд.

    Дар хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ таъкид намуданд, ки дар айни ҳол кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар тамоми манзилҳои вобасташаду фаъолияти патронажӣ пеш мебаранд, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech