Соли равон шашумин партияи доруҳои зидди гепатити "С" аз Миср ба Тошканд оварда шуд

    Тандурустӣ 26 Fevral 2024 1587

    Аз Миср ба Тошканд шашумин партияи доруи «Sofosbuvir-400mg» зидди гепатити “С” дар ҳаҷми 6720 адад оварда шуд.

    Бинобар хабари сафоратхонаи Ӯзбекистон бо ҳукумати Миср оиди ба Ӯзбекистон то соли 2025 дар маҷмӯъ интиқол додани 800 ҳазор дору (тақрибан 40 тонна) «Даклатасвир» ва «Софосбувир» бар зидди гепатити «С» ва «Энтекавир» бар зидди гепатити «В» ба маблағи умумии 4,2 миллион доллар мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё» .

    Дар маҷмӯъ 6720 адад доруи «Sofosbuvir-400mg» дар 12 қуттӣ оварда шудааст, ки ба беморон дар Пажӯҳишгоҳи илмии вирусологияи Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дода мешавад.

    Бояд гуфт, ки аз рӯи ҳисобу китоби мутахассисон, ба як бемор ба ҳисоби миёна барои 3-моҳи пурраи муолиҷа 3 бастаи «Daclatasvir» ва 3 бастаи «Sofosbuvir» лозим аст. Нархи миёнаи ин курси табобат дар Миср 31 доллар ва дар Ӯзбекистон то соли ҷорӣ 100 доллар арзёбӣ мешуд. 800 ҳазор доруе, ки ҳукумати Миср додааст, ниёзҳои табобати 133 ҳазор беморро таъмин хоҳад кард. Яъне агар доруҳои зидди гепатити С барои ин теъдод беморон бо нархҳое, ки ҳоло вазорати тандурустӣ аз хориҷ харидорӣ мекунад, харидорӣ мешуд, аз буҷаи давлатии Ӯзбекистон 13,3 миллион доллар масраф мешавад.

    Маблағҳои дар буҷети давлати мо сарфашуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми муоинаи аҳолӣ аз бемории гепатит аз 10 ҳазор то ба 1 миллион нафар расонида, вирусҳои пинҳоншуда ошкор карда шуда, ин беморӣ пурра барҳам дода шавад.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates