Дар Ӯзбекистон барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин доруи нави биологӣ ихтироъ карданд

    Илм 9 Mart 2022 1392

    Олимони Донишкадаи микробиологияи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон доруи «Аzos-Uz»-ро ихтироъ карданд, ки аз ассотсиатсияи штаммҳои фаъоли нитрогенмустаҳкамкунанда, ҳосилкунандаи фитогормонҳои самарабахши бактерияхои насли Azospirillum иборат аст.

    Доруи биологӣ барои баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва тобоварии онҳо ба бемориҳои гуногун дар шароити шӯр пешбинӣ шудааст.

    «Аzos-Uz» инчунин кобилияти маҳлули фосфатҳои минералиро дорад, як катор витаминҳои В ва моддаҳои ангезандаи афзоишро ҳосил мекунад. «Аzos-Uz»» барои коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ пешниҳод карда мешавад.

    Дар натиҷаи бо маҳсулоти биологӣ кор карда баромадани зироатҳои хоҷагии қишлоқ ҳосилнокӣ 5-10 сентнерӣ зиёд шуда, талабот ба нуриҳои азотии кимиёвӣ 50 фоиз кам шуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза рӯёнда мешавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates