Дар ин бора рӯзи сешанбе, 19 октябр, котиби матбуотии Агентии муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон Ортикхӯжа Норов хабар дод.

«Рӯзи сешанбе тибқи созишномаи ӯзбекистониву русиягии татбиқи лоиҳаи  пилотӣ оид ба ҷалби 10 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ба корҳои сохтмонӣ дар Федератсияи Русия ҷалби аввалин шахсоне, ки хоҳиши кор кардан дар Русияро доранд, дар Тошканд оғоз ёфт”,гуфт О.Норов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон ва Русия механизми нави интихоби коргаронро таҳия кардаанд, ки тибқи он АМКХ танҳо дархостҳои хоҳишмандони ба кор рафтанро қабул мекунад ва дар рӯзҳои муайян ин одамонро дар марказҳои махсус ҷамъ мекунад. Интихобро мустақиман намояндагони идора ва ширкатҳои Русия, ки ба Тошканд омадаанд, анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи О.Норов, аввал кормандони ВКД ва Вазорати тандурустии Русия месанҷанд, ки оё номзад манъи вуруд ба Федератсияи Русия ва зиддиятҳо барои саломатӣ дорад ё на. Сипас намояндагони ширкатҳои фармоишгар дар номзад мавҷуд будани ихтисоси зарурии сохтмониро муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, аксари расмиёти интихоб дар Ӯзбекистон сурат мегирад. Онҳо бо ваксинзании муҳоҷирон бо ваксинаи яккомпонентии «Спутник Лайт» хотима меёбанд, ки ин шарти ҳатмии иштирок дар лоиҳа мебошад. Муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия патент мегиранд.

Моҳи сентябр хабар дода шуд, ки як ҳайати расмии Русия аз намояндагони Вазорати сохтмон, Вазорати тандурустӣ, Роструд, Вазорати меҳнат, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукумати Маскав ба Тошканд ташриф оварда, оид ба татбиқи лоиҳаи озмоишии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома имзо кард. 7 октябри соли равон сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи роҳандозии ин барнома қарор имзо кард.