Бинобар супориши сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба мақсади пурзӯр гардондани маснуият бар зидди сирояти коронавирус дар байни аҳолии ҷумҳурӣ аз 17 ноябри соли 2021 барои шаҳрвандоне, ки аз курси пурраи эмкунӣ гузаштаанд (2 ё 3 воя), дар асоси ихтиёрӣ ба эмкунии бeстерӣ рухсат дода шуд.
Дар кишвари мо аз 1 апрели соли равон эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, то имрӯз дар маҷмӯъ 42 миллиону 805 ҳазор вояи шаш намуди ваксинаи зидди COVID-19 ворид карда шудааст. Инчунин дар назар аст, ки то охири сол 5,6 миллион дона интиқол дода шавад, хабар медиҳад "Vaksinauzb".