Мақсади асосӣ ташкил намудани саёҳати ҷавонон ба ҷойҳои ҷолиби диққати Ӯзбекистон дар асоси бастаҳои имтиёзноки туристӣ дар рӯзҳои таътил мебошад. Барнома донишҷӯёни донишгоҳҳо, мактаббачагон ва ҷавонони дорои маълулиятро дар бар мегирад, ки барои онҳо дар саросари Ӯзбекистон сафарҳо ва чорабиниҳои махсус ташкил карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки “Ҳафтаи сайёҳии ҷавонон” тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 апрели соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хизматрасониҳои сайёҳии дохилӣ” гузаронида мешавад.
Шумо метавонед дар бораи тахфифҳо ва аксияҳои пешниҳодшуда маълумоти пурраро тавассути истиноди зер пайдо кунед.