Дар Ўзбекистон барои доруи коронавируси «Антиковир» патент дода шуд

    Тандурустӣ 29 Iyun 2022 906

    Доруи зидди коронавирус патенти Донишкадаи илмию тадқиқотии дорусозии Ўзбекистонро соҳиб гардид. Бо саъю кӯшиши якҷояи дорусозону фармакологҳои институти мазкур дар асоси маъхазҳои табиию маъданӣ бо роҳи синтези биотехнологӣ ва химиявӣ доруи серкомпоненти «Антиковир» офарида шуд.

    Тадқиқотҳои клиникӣ ва пеш аз клиникӣ нишон доданд, ки дору воридшавии коронавирусро ба ҳуҷайраҳо бо осеби минбаъдаи онҳо пешгирӣ мекунад ва таъсири иммуномодуляторӣ дорад, ки ба баланд бардоштани иммунитети гуморалӣ нигаронида шудааст.

    Компонентҳои дору дорои таъсири антикоагулянтӣ, антиоксидантӣ, ситопротекторӣ, иммуномодуляторӣ мебошанд, инчунин фаъолияти антибактериалӣ ва антивирусиро таъмин мекунанд. Тадқиқотҳои клиникӣ самаранокии баланди доруро дар 92 фоизи беморон нишон доданд ва дар гурӯҳи тадқиқот ягон таъсири номатлуб ба қайд гирифта нашудааст.

    13 ноябри соли 2020 нишони молии дору аз ҷониби Агентии моликияти зеҳнӣ ба қайд гирифта шуд. "Антиковир" 14 феврали соли 2022 аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сифати доруи зиддивирусӣ, ки барои табобат ва пешгирии сирояти коронавирус ва асорати баъдазковидӣ тавсия дода мешавад, ба қайд гирифта шуд.

    Доруи "Антиковир" патенти рақами № IAP 06876-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро гирифт ва дар Феҳрасти ихтирои Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7 апрели соли 2022 ба рӯйхат гирифта шуд, Бинобар иттилои ӮзА хабар медиҳад хидмати матбуоти Донишкадаи илмию тадқиқотии дорусозии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates