Маҳсулот бо ҳаҷми умумии 3 тонна тавассути парвози ҳавоии ширкати «Uzbekistan Airways» аз рӯи масири «Тошканд – Лондон» интиқол ёфт. Содиркунанда ҶДММ «Quva-Agro Star» буд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Харидорони яклухти бритониёӣ сифати баланд ва хусусиятҳои болаззати маҳсулоти ӯзбекистонро таъкид намуда, омодагии худро барои хариди ин меваҳо дар ҳаҷмҳои калон изҳор карданд.

Қобили зикр аст, ки дар айни замон корхонаҳои ҷумҳурӣ ба бозорҳои Британияи Кабир беш аз 35 навъи маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти меваю сабзавоти ӯзбекистонӣ ба Британияи Кабир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 маротиба афзудааст.