Дар байни маъмултарини онҳо табларза, сулфа, хастагӣ, надонистани маззаву бӯй мебошанд. Мутахассисон зуҳуроти нисбатан нодири бемориро ба гурӯҳи дуввум марбут карданд - дарди гулӯ, дарди сар, дарди мушакҳо, дарунравӣ, хориш, инчунин сурх шудани бадан (асосан дар дасту пойҳо), менависад "Rg".

Ба гурӯҳи сеюми аломатҳо инҳоро дохил карданд, ки намуди зоҳирии онҳо ҳарчи зудтар муроҷиат намудан ба ёрии таъҷилии тиббиро талаб мекунад: мушкилоти нафаскашӣ, дарди қафаси сина, гум шудани ҳаракат ва сардаргумӣ.

Тибқи ҳисобҳои муаллифон, барои кӯдакони то 17-сола аломати аз ҳама нишондиҳанда дарди сар, барои шахсони аз 18-сола боло гум шудани иштиҳо, барои калонсолон дарди мушакҳо буд. Аз ин рӯ, агар чунин аломатҳо ошкор карда шаванд, тавсия дода мешавад, ки аз ташхиси ПТСР гузаред.