Дар рӯзи аввал Тӯрабек Ҳабибуллоев дар вазни -80 кг бар Дипак Шрестаи непалӣ бо қарори якдилонаи ҳакамон ва Нигина Уктамова бар Ириш Магно аз Филиппин пирӯз шуданд.
Дирӯз Навбаҳор Ҳамидова дар вазни (-66) кг бо Жанжай Суваннапенг аз Тайланд қувваозмоӣ карда, шикаст хӯрд.
Аммо Ҳасанбой Дӯстов дар вазни (-51 кг) дар даври дувум Сеҳа Еонг Ҷо аз Кореяи Ҷанубиро нокаут кард.
Ва Асадхӯҷа Муйдинхӯжаев дар вазни (-71 кг) бар Чжанг Тае Рянг аз ҶМДК пирӯз шуд.
Ва имрӯз паҳлавонони мунтахаби Ӯзбекистон ду қувваозмоӣ карданд. Мутаассифона, Азиза Зокирова дар вазни (-75 кг) аз Байсон Маникон аз Тайланд шикаст хӯрд. Аммо чемпиони ҷаҳон Абдумалик Халоқов дар вазни (-57 кг) бар Ченг Вей Ли аз Тайпейи Чин пирӯз шуд.
Дар ин бора Telegram-канали Федератсии бокси Ӯзбекистон хабар медиҳад.