Таъкид гардид, ки ин сафари давлатӣ дар роҳи таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон қадами муҳим хоҳад шуд.

Суръати мусбат ва алоқаҳои фаъол дар ҳамаи соҳаҳо бо қаноатмандӣ қайд гардид. Ҷамъомадҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон, инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста баргузор мегарданд. Қабл аз сафари расмӣ дар Урганч ва Тошканд баргузор гардидани Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ва намоиши филмҳо дар иштирокдорон таассуроти фаромӯшнопазир гузоштанд.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол аз 1 миллиард доллар афзуд. Ҳаҷми боркашонӣ меафзояд, аз ҷумла истифода аз бандари Туркманбошӣ фаъолтар шудааст.

Дар музокирот ба зиёд кардани савдои дуҷониба ва рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, мошинасозӣ, хоҷагии қишлоқ ва об диққати махсус дода шуд.

Зарурати густариши минбаъдаи мубодилаҳои байниминтақавӣ таъкид гардид. Аз рӯйи гузаронидани Форуми сеюми минтақаҳо дар шаҳри Хива тавофуқ ҳосил шуд.

Ҳамчунин оид ба масоили дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор ба амал омад.