Хосе Антонио Каст аз Ҳизби муҳофизакори ҷумҳурихоҳ 58 фоизи овозҳоро ба даст овард. Рақиби ӯ Жанетт Ҳара буд, ки эътилофи ҳокими чапу марказгарои «Ваҳдат барои Чили»-ро намояндагӣ мекард.
Каст дар нахустин суханронии худ ҳамчун президенти интихобшуда изҳор дошт, ки кишварро соли ниҳоят душвор интизор аст, хабар медиҳад ntv.ru.
«Мо соли душвор дорем, хеле душвор, зеро вазъи молиявии кишвар дар ҳолати бад қарор дорад», гуфт ӯ.








