Сарвари давлат ба Подшоҳ барои эҳтирому таваҷҷуҳи хосе, ки нисбат ба ҳайати Ӯзбекистон зоҳир мегардад, сипосгузорӣ намуда, дастовардҳои бузурги Урдунро дар солҳои охир баланд арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки як қатор чорабиниҳое, ки дар арафаи сафари сатҳи олӣ баргузор шуданд, ба таҳкими бештари робитаҳои байни давлатҳо мусоидат хоҳанд кард.
Пас аз мулоқот маросими сарфароз гардондани роҳбарони ду кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ баргузор гардид.
Ба Сарвари давлатамон мукофоти олии давлатии Урдун – ордени «Ал-Ҳусайн ибни Алӣ» ба таври тантанавӣ супурда шуд.
Президенти Ӯзбекистон бо мамнуният таъкид намуд, ки ин мукофоти олӣ на танҳо эътирофи саҳми шахсии ӯ дар таҳкими риштаҳои ҳамкории байни ду давлат, балки намунаи равшани эҳтироми хосаи Подшоҳи Урдун нисбат ба мардуми ӯзбек ва таваҷҷуҳи бузург ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба мебошад.
Ҳамзамон, Сарвари давлатамон Подшоҳи Урдунро барои саҳми шоиста дар таҳкими муносибатҳои қарини дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳо, инчунин рушди пайгиронаи робитаҳо дар бахшҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо ордени «Олий Даражали Дўстлик» сарфароз гардонд.
Таъкид гардид, ки ин мукофот ифодаи эҳтироми бузурги давлат ва мардуми Ӯзбекистон барои талошҳои арзишманди Подшоҳ Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн дар роҳи густариши муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Роҳбари Урдун барои чунин эътирофи самимӣ ба Президенти кишварамон сипосгузорӣ намуда, таъкид кард, ки ин мукофотро ҳамчун рамзи эҳтироми хос ба тамоми мардуми Урдун, дӯстии дерина ва ҳамкории устувори байни ду кишвар қабул мекунад.