Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар
яке аз ширкатҳои сохтмонии Нижнекамск ба ҳайси сохтмончӣ кор мекарданд, ба ҳалокат
расидаанд. Чанд шаҳрванди дигари Ӯзбекистон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар
бемористон бистарӣ шудаанд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Комиссияи
ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир О. Раматов қабул
гардид. Ба ҳайати комиссия намояндагони вазорату идораҳои масъул шомил шудаанд.
Ба комиссия супориш дода шудааст, ки аз шаҳрвандони
осебдида хабар гирифта, ба онҳо кумаки зарурӣ расонад, интиқоли ҷасадҳои
фавтидагонро тавассути парвози махсус ба Ватан ва расонидани онҳоро ба маҳалли
зисти дахлдор ташкил намояд, инчунин ба аъзои оилаҳои ҳалокшудагон ҳамаҷониба кумак
расонад.
Ҳамчунин ба Федератсияи Русия гурӯҳи махсуси корӣ
фиристода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулода,
Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, Агентии муҳоҷират ва дигар
ташкилотҳои масъул шомил мебошанд. Айни замон тамоми чораҳои зарурӣ андешида
мешаванд.
Намояндагони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
дар Қазон ва Агентии муҳоҷират аллакай ба маҳалли ҳодиса расидаанд. Онҳо бо ҳамтоёни
руси худ робитаи доимӣ дошта, чораҳои фаврии заруриро амалӣ мекунанд.
Барои гирифтани маълумоти фаврӣ дар бораи шаҳрвандони
осебдидаи Ӯзбекистон метавон ба рақамҳои зерин муроҷиат кард:
Консули
генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Қазон:
+7
965 600 79 79
Намояндагии
Агентии муҳоҷирати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия: +7 925 750 87 57 +7 925 127 00 02