Дар натиҷа, зан қарор дод, ки ҷавоҳироти тиллоии худро, ки солҳои зиёд ҳамчун арзиши оилавӣ нигоҳ медошт, фурӯшад.

Аммо ёфтани харидори боэътимод осон набуд. Харидорон нархи хеле паст пешниҳод мекарданд ва ӯ ба одамони ношинос бовар кардан намехост. Баъд Дилнавоз як шиносаш — Дилшодро ба ёд овард, ки пештар ӯро ноумед накарда буд ва ба ӯ эътимод дошт.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд, ҳангоми вохӯрӣ зан ҷавоҳироти тиллоиро ба ӯ дода, хоҳиш кардааст, ки онҳоро ба на камтар аз 2000 доллари ИМА фурӯшад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки агар ҷавоҳирот бо нархи баландтар фурӯхта шавад, фарқиятро худи ӯ гирифта метавонад. Дилшод розӣ шуда, барои пайдо кардани харидор як моҳ вақт хостааст.

Як моҳ гузашт, баъд боз чанд ҳафтаи дигар. Дар аввал мард таъхирро бо он шарҳ медод, ки гӯё нархи тилло паст шудааст ва беҳтар аст фурӯшро ба таъхир гузошт. Баъдан бошад, тамоман ба тамос баромаданро бас кард.

Баъдтар маълум шуд, ки Дилшод аллакай ҷавоҳиротро фурӯхта, маблағи ба даст омадаро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст.

Дилнавоз баъди дарни он ки қурбонии қаллобӣ шудааст, ба шуъбаи тафтишотии назди Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд муроҷиат кард.

Аз рӯи ин ҳолат нисбати Дилшод Э., соли таваллудаш 1988, тибқи моддаи 168 («Қаллобӣ») Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Тафтишот идома дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунанд: ҳангоми фурӯш ё супоридани молу мулки гаронбаҳо набояд танҳо ба боварии шахсӣ ва гуфтугӯи шифоҳӣ такя кард. Ҳамаи муомилотро тавсия дода мешавад ба таври ҳуҷҷатӣ расмӣ намоед ва дар ҳолати шубҳа аз хидматрасониҳои ташкилотҳои расмӣ истифода баред. Агар шумо ба амалҳои ғайриқонунӣ дучор шавед, бояд фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунед.