Дар паём таъкид шудааст, ки Си Ҷинпин ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсӣ ва роҳбари Ҳизби коммунисти Чин бо муҳаббати беандоза ба Ватан ва мардум, ҳисси баланди масъулият ва тафаккури стратегии дурандешона кишварашро ба сӯи марҳалаҳои нави рушд раҳнамун месозад.

 «Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо навсозии ҳамаҷонибаи Чин пайваста идома дорад ва сиёсати ба эҳёи бузург ва шукуфоии миллат нигаронидашуда ҳамчун саҳифаи дурахшони таърихи кишваратон сабт мегардад», — омадааст дар паём.

Ҳамчунин ба рушди босуръати муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Бо қаноатмандӣ зикр шудааст, ки солҳои охир муносибатҳои дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи байни ду кишвар сол то сол таҳким меёбанд.

 «Дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёсе, ки мо дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мекунем, ҳамеша дастгирӣ ва мусоидати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шахсан Шуморо амиқ эҳсос менамоем», — омадааст дар паём.

Зикр гардид, ки дар солҳои охир дар ҳамаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ механизмҳои бисёрсатҳа ва мутақобилан судманд ташаккул ёфта, дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" натиҷаҳои назарраси амалӣ ба даст омадаанд.

Президенти Шавкат Мирзиёев изҳори боварӣ намуд, ки бо талошҳои муштарак ва иҷрои пурраи ҳамаи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Чин ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид хоҳанд шуд.

Дар анҷом сарвари давлати мо ба Си Ҷинпин саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти масъули давлатӣ орзу намуда, ба мардуми дӯсту бародари Чин сулҳу шукуфоӣ таманно кард.