Дар рафти мулоқот намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот коршиносон пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳодро баррасӣ карданд. Дар натиҷаи муҳокима, санади мазкур бо аксарияти овозҳо мувофиқа шуда, тибқи тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи созишнома ба густариши дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба хидматрасониҳои тиббӣ дар давраи будубошашон дар кишвари фаъолияти меҳнатӣ равона шудааст.

Зикр мегардад, ки масъалаи таъмини тиббии муҳоҷирон барои кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад. Бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус онҳое, ки дар корҳои камихтисос фаъолият мекунанд, бо дастрасии маҳдуд ба хидматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии нокифоя, инчунин монеаҳои молиявӣ ва забонӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Айни замон расонидани ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббӣ ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки дар дигар давлатҳои Иттиҳод қарор доранд, тибқи созишномаҳои байналмилалии соли 1997 танзим гардида, ба таври ройгон пешниҳод мешавад. Дар айни замон хидматрасониҳои тиббии нақшавӣ дар асоси пардохт анҷом дода мешаванд.

Санади нав самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои ИДМ-ро дар соҳаи суғуртаи ихтиёрии тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо муайян намуда, инчунин тартиби пешниҳоди чунин хидматрасониҳоро дар қаламрави давлатҳои иштирокчии созишнома дар давраи фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон муқаррар мекунад.